
Вохӯрӣ бо Роҳбари нави Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» Хуршед Мирзо.
- 13.05.2019
- Дида шуд 1

Вохӯрӣ бо Роҳбари нави Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» Хуршед Мирзо.
Санаи 7 майи соли 2019 вохӯрии Шӯрои тиҷоратии Амрико дар Тоҷикистон (АмЧам) бо директори нави Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест», Хуршед Мирзо баргузор гардид. Вохӯрӣ дар маҷлисгоҳи Серена, ки дар он зиёда аз 20 аъзоёни АмЧам иштирок доштанд, баргузор гардид.
Раиси Шӯрои директорони Шӯрои тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон - Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», Томас Халлам дар суханронии худ дар бораи афзалиятҳои АмЧам суханронӣ намуд. Ӯ фаъолияти кумитаҳои дохилии Ассотсиатсияҳои андоз ва туризмро қайд намуда, ба аъзоёни кумитаҳо барои кори фаъолонаашон миннатдорӣ изҳор намуд. Илова бар ин, Т. Халлам дар вохӯрӣ оиди мулоқоташон бо роҳбари Палатаи тиҷоратии ИМА дар Вашингтон суханронӣ кард.
Х. Мирзо ба аъзоёни АмЧам оид ба фаъолият ва вазифаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест», омӯзиш ва таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, кӯмак дар ҷалби сармояҳо; расонидани кӯмак дар ҷустуҷӯи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва шарикони тиҷоратӣ; ташкили сафарҳои ҳайатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра иттилоъ дод.
Мувофиқи суханронии Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест», дар соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба миқдори 7,3% ба қайд гирифташуда, лоиҳаҳои калони инфраструктурӣ амалӣ гашта, даромади хонаводаҳо 11% афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 29,5% коҳиш ёфт; инчунин дар моҳи ноябри соли 2018 якумин агрегати нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ба кор шурӯъ намуд.
Ӯ қайд кард, ки ба ислоҳот оиди беҳтар намудани муҳити тиҷоратии Тоҷикистон бояд суръат бахшид. Ҳамин тариқ, мувофиқи гузориши Пешбурди соҳибкорӣ 2019, Тоҷикистон рейтинги худро аз даст дода, аз мақоми 123-ум ба 126-ум гузаштааст.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи "300 рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ" -ро қабул кард, ки он ба беҳтар намудани танзими соҳибкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон ва дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, инчунин такмили муколамаи давлатӣ-хусусӣ ва ҷалби сармоя, равона карда шудааст. Барои иҷрои вазифаҳои мазкур, қарор қабул шуд, ки портали тиҷоратии онлайн таъсис дода шавад. Мақсади лоиҳаи B2B ин таъсиси платформаи миллии иттилоотӣ бо мақсади оғоз намудани тиҷорат, ҳавасмандгардонии содирот ва пешбурди сармоягузорӣ, мебошад.
Дар анҷоми суханронӣ масъалаҳои мубодилаи асъор ва аксизҳо, қонунгузории андоз, омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тендерҳо баррасӣ шуданд. Қайд гардид, ки бисёр ширкатҳои хусусӣ барои сармоягузорӣ ва истеҳсоли маҳсулотро дар Тоҷикистон, омодаанд. Бо вуҷуди ин, бо назардошти санадҳои мавҷуда, санади муносибатҳои нав ва муосир барои беҳбуди вазъ дар марҳилаи муайяни мушкилотҳои ба миён омада, бояд таҳия карда шавад.
Дар охири маҷлис оиди мақсадҳои ҳамкории зичи Таҷинвест ва АмЧам дар самти ҷалби сармояҳои мустақими Тоҷикистон қайд карда шуд.