Вебинар дар мавзӯи «Воридотивазкунӣ ва амнияти озуқаворӣ»
- 26.05.2020
- Просмотров
Ба таваҷҷуҳи соҳибкорон, ширкатҳо ва аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар заминаи таъсири пандемияи COVID - 19 ба рушди соҳибкорӣ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар хамкорӣ бо ташкилоти Ҷамъиятии олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва ҷалби коршиноси байналмилалӣ, оғози онлайн - омӯзишро (вебинарро) дар мавзӯъи зерин пешниҳод менамояд:
- «Воридотивазкунӣ ва амнияти озуқаворӣ» - санаи баргузорӣ 27.05.2020 (чоршанбе) соати 10:00, дар назар мебошад.
Бинобар ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои пайваст намудани иштирокчиён ба шабакаи "Teams" ба суроғаи мо почтаи электронии иштирокчиро, то соати 16-00 санаи 26-уми майи соли ҷорӣ ба почтаи members.tpptj@gmail.com равон
Ҳамзамон, ба маълумотатон расонида мешавад, ки омӯзиши мазкур дар мӯҳлати як соат баргузор гардида, то 40 дақиқа вақт барои маълумоти зарурӣ ва боқимонда 20 дақиқа вақт барои саволу ҷавоб ҷудо карда мешавад.
Пас аз иштирок ба Шумоён Сертификат дода мешавад.
Дар ҳолати пас аз баргузорӣ боқӣ мондани саволҳо, шумо метавонед иловатан ба эксперт-коршинос саволҳои худро ба воситаи шабакаҳои пайвастӣ (viber watsapp, Telegram), пешниҳод намоед.
Телефон барои тамос: +992 93 897 18 18.